Дастгирии Э.Раҳмон аз ташаббуси Чин оид ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғоз ёфт. Барои иштирок дар ин […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғоз ёфт.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пекин роҳбарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8  кишвари қитъаи Осиё – Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, пеш аз ҳама ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои даъват ба ин ҳамоиш ва сатҳи баланди пазироию меҳмоннавозӣ арзи сипос кард. Ӯ ҳамчунин ба ташаббуси Чин доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайриаъзои созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣ номид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси роҳбарияти Чинро доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дорои аҳамияти таърихию тамаддунӣ номида, изҳор дошт: “Мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.