Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Латифов чанде қабл ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Равандҳои интихоботӣ дар фазои ИДМ» ба шаҳри Минск сафар кард. Дар қароргоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конфронси мазкур то 12-уми ноябр идома меёбад.
Тавре аз ҲАТ хабар доданд, раиси нави ҳизб дар анҷумани пешазинтихоботӣ, ки санаи 18-уми декабр дар Душанбе доир мегардад, интихоб мешавад.
Узви раёсати ҲАТ, аъзои Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз даргузашти раиси пешинаи ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон, академик Амир Қаракулов, ҳизбро се муовини ӯ ва аслан муовини аввал – Рустам Латифзода роҳбарӣ мекунанд.
«Дар анҷумани пешазинтихоботӣ бо иштироки вакилон аз тамоми минтақаҳои кишвар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҲАТ муайян шуда, ҳамчунин раиси нави ҳизб интихоб карда мешавад», – гуфт З.Раҳмон.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳояш ҳудуди 30 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад ва дар палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ соҳиби ду курсии вакилӣ аст.






