Дар доираи амалисозии амалиёти муштарак оид ба мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротии фаромиллӣ байни АНМН ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар ба ҳудуди вилоят пешгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти амалисозии хабари оперативӣ дар ҳудуди деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим шаҳрванди 20- солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид. Дар вақти дастгиршавӣ аз ӯ як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дарунаш 12-адад маводи китобшакли ҷигариранг бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид.
«Лабораторияи ташхиси судии РАНМН дар ВМКБ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он 5 килоро ташкил медиҳад», – омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаҳои 335 қ.2., 289 қ.2 ва 200 қ.3 (ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дастгиршуда ба тавқифгоҳи мувваққатии Раёсат ворид карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҷиноят марбут чораҳои зарурӣ меандешад.






