Дастури президент оид ба омода кардани тамоми соҳаҳо ба мавсими сармо

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввал ва муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввал ва муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ гаштанд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, дар фасли зимистон ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҳамчунин таъкид намуд, ки тамоми имконият ва чораву тадбирҳоро баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ андешида шаванд.

Масъалаҳои истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.