Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум лоиҳаи қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав баррасӣ мешавад; – Дар сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими баимзорасии қарордоди бурсӣ оид ба 10 лоиҳаи Барномаи кумаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ баргузор мегардад; – Дар […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум лоиҳаи қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав баррасӣ мешавад;

– Дар сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими баимзорасии қарордоди бурсӣ оид ба 10 лоиҳаи Барномаи кумаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ баргузор мегардад;

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳои байнулмилалии махҳсулоти эронии «ЭРОН ЭКСПО 2014» ба кор шурӯъ мекунад. Аз соати 8-и субҳ то 5-и шом метавон аз намоишгоҳ боздид намуда, кори он то 15-уми ноябр идома меёбад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.0851

сомонӣ;


1

евро –

6.3312

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


092



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии донишҷӯён.


1990

— Маркази ташхиси бузургтарин дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд.


2008

— Ширкати ҳавопаймоии Tajik Air ҳавопаймои нахустини «Boeing 757-200»-ро соҳиб шуд.


2009

— Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисод доир гардид.


1922-2009

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва сиёсӣ Ибодат Раҳимова.


1938-1986

– Мавлуди шоир ва рӯзноманигор Сарвар Амирҷонов.


1953

– Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов.


1953-2007

– Мавлуди файласуф Сайфулло Сафаров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, сипас аксаран бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +2+7;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -2+3.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.