Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, ки аввали ҳамин моҳ бо фармони президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба вазифаи сафири Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд, чанде қабл ба шаҳри Душанбе омад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе хабар доданд, сафири нав изҳор доштааст, ки решаҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии тоҷикону эрониҳо ба ӯ имкон намедиҳанд бигӯяд, ки ба кишвари дигаре омадааст.
Қобили зикр аст, ки Ҳуҷҷатулло Фағонӣ қаблан ба ҳайси сафири Эрон дар Афғонистон кор кардааст. Баъди анҷоми ваколати сафири қаблии Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст дар моҳи октябри соли гузашта, то ҳол касе ба ин вазифа таъин нагардида буд. Муддати беш аз як сол Саидмаҳмуди Садрӣ ба ҳайси ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон фаъолият намуд.


