Сафорат ба таъмини муҳоҷирон бо шиносномаҳои биометрӣ итминон медиҳад

Сардори Раёсати хиззматгузориҳои консулии Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Садбарг Ғаниева ва консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров бо ҳайати раҳбарии диаспораҳои тоҷикон ва бевосита худи муҳоҷирон дар шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово, Томкс, Омск, Новокузнетск, Рубтсовск, Барнаул ва Оби ҳавзаи Сибири Русия мулоқот ороста, ба онҳо дар бораи тартиби гирифтани шиносаҳои биометрии хориҷӣ […]

ASIA-Plus



Сардори Раёсати хиззматгузориҳои консулии Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Садбарг Ғаниева ва консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров бо ҳайати раҳбарии диаспораҳои тоҷикон ва бевосита худи муҳоҷирон дар шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово, Томкс, Омск, Новокузнетск, Рубтсовск, Барнаул ва Оби ҳавзаи Сибири Русия мулоқот ороста, ба онҳо дар бораи тартиби гирифтани шиносаҳои биометрии хориҷӣ ва қоидаҳои нави муҳоҷирати Русия аз оғози соли оянда маълумот доданд.

Дар ҳамин ҳод, намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод итминон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия набояд аз масъалаи таъмин шуданашон бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ташвиш дошта бошанд.

«Барои марҳила ба марҳила таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Ба ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Озода Раҳмон масъул буда, ҷараёни иҷрои он таҳти назорати шахсии сафири ҶТ дар Русия Имомуддин Сатторов қарор дорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки аз ҷониби ҳамтоёни Русия ин масъала ба хубӣ дарк шуда, хоҳиши кумак мавҷуд аст», – итминон дод Эгамзод.

Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони тоҷики муқими Русия аз Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ва ҳамчунин консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа шиносномаҳои биометрии хориҷии Тоҷикистонро дастрас карда метавонанд. Ояндаи наздик ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодари ин кишвар дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.