Ҳукумат бо беэътибор кардани қарзҳо ба буҷет «Барқи тоҷик»-ро наҷот медиҳад



Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» тағйироту илова ворид намуд.

Мутобиқи тағйироту иловаи мазкур, қарзи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар назди буҷет ба маблағи умумии 30 млн. сомонӣ аз эътибор соқит карда шуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилони парлумон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки ин тасмими ҳукумати кишвар ба дастгирии ширкати «Барқи тоҷик» равона гардидаааст, ки айни замон ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи вай, ба санаи 1-уми ноябр қарзҳои ширкат назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1 барои истифодаи нерӯи барқи дастрасшуда 418,5 млн. сомониро ташкил додаанд. «Нерӯгоҳ аз пардохти андоз озода гардида, ба ин васила қарзи ширкат назди нерӯгоҳ ба маблағи 30 млн. сомонӣ камтар мешавад», – қайд кард Нуралиев.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия, ширкати «Барқи тоҷик» дар назди буҷети ҷумҳурӣ ҳам ба маблағи умумии 185,6 млн. сомонӣ қарздор аст.

ҶСК «НБО Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005 бо мақсади сохтмон ва минбаъд баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Вахши Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Иқтидори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба 670 МВт баробар буда, 20-уми январи соли 2008 агрегати якуми нерӯгоҳ ба истифода дода шуд. Маросими тантанавии пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ бо чор агрегат 31-уми июли соли 2009 баргузор шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолмешуда, ҳудуди 15%-и он ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное