Нағзибек Нағзибеков консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар таъин шуд



Зимни сафари корӣ ба кишвари Краснодари Русия сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба губернатори кишвар Александр Ткачев, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин ҳамватанон нахустин консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар Нағзибек Нағзибековро муаррифӣ кард.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар маросими ифтитоҳи дафтари кории консули фахрии ҶТ сафир қайд кард, ки тайи 10 соли ахири фаъолияти ҷамъиятӣ Нағзибеков миёни ҳамватанон дар Ҳавзаи федералии ҷанубии Русия обрӯву эътибори хосса касб намуд.

«Акнун ба сифати консули фахрӣ Нағзибеков тамоми кӯшшҳои худро баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мо ва муосидат ба рушду таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва кишвари Краснодар равона хоҳад кард», – изҳори умедворӣ намуд И.Сатторов.

Сафир зикр кард, ки аз ин ба баъд дар дафтари кории консули фахрии ҶТ дар Краснодар кормандони муваққатан ба ин шаҳр сафарбаршудаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия фаъолият хоҳанд кард, ки ба корҳои хизматгузории консулгарӣ, бахусус таъмини шаҳрвандони тоҷик бо шиносномаи хориҷии биометрӣ дар ин минтақа машғул мешаванд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, Нағзибек Нағзибеков хатмкардаи Донишкадаидавлатии политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Адигей аст. То замони таъин шудан ба ин вазифа ба ҳайси раҳбари ташкилоти ҷамъиятии мусоидлат ба эҳёи фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ «Мусоидат» (Содействие) дар кишвари Краснодар фаъолият мекард.

spot_imgspot_img

Популярное