Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ чанде қабл дар маркази фарҳангии «Нур»-и шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард.
Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси ҲНИТ муҳоҷирони кориро ба иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда дар ҷумҳурӣ даъват намуда, онҳоро яке аз иштирокчиёни асосии басуботоварии вазъи ҷомеа дар кишвар унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ як қисмати муайяни кормандони Академия илмҳои Тоҷикистонро, ки аз ҳисоби андозсупорандагон зиндагӣ карда, барои рушди илми тоҷик ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд, мавриди интиқод қарор дод.
«Онҳо ба бадномкунии нерӯҳои сиёсӣ ва ходимони дини ҷудогона тариқи ВАО машғуланд, магар ин илму фаъолияти илмӣ аст?», – иброз доштааст раиси ҲНИТ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни посух ба саволҳои сершумори ҳозирин Муҳиддин Кабирӣ зикр кардааст, ки тағйирот дар ҷомеаи Тоҷикистон метавонад бо роҳи осоишта ва дар доираи муборизаи сиёсӣ сурат гирад.



