Шумори қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар кам мешавад

Пас аз эълони санаи баргузории интихобот ба парлумон аз ҷониби президенти мамлакат, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба ташкили қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар барои овоздиҳии шаҳрвандони муваққатан муқими ин давлатҳо ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо дархост муроҷиат мекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Аваз Юлдошев



Пас аз эълони санаи баргузории интихобот ба парлумон аз ҷониби президенти мамлакат, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба ташкили қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар барои овоздиҳии шаҳрвандони муваққатан муқими ин давлатҳо ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо дархост муроҷиат мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар ҳудуди 40 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми нобри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 хеле камтар аст.

«Сабаби кам шудани шумори қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории интихоботии Тоҷикистон мебошад, ки мутобиқи онҳо қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар танҳо дар қаламрави намояндагиҳои расмии дипломатии ҷумҳурӣ дар кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Роҳбари дастгоҳи КМИР таъкид намуд, ки дар интихоботи гузаштаи президенти Тоҷикистон танҳо дар қаламрави Русия 24 қитъаи интихоботӣ ташкил шуда, тибқи меъёрҳои нави қонунгузорӣ, дар интихоботи парлумонии оянда чунин қитъаҳо танҳо дар шаҳри Маскав, ки дар он ҷо намояндагии дипломатии Тоҷикистон фаъолият дорад ва шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, ки консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ амал мекунанд, ташкил карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобти президенти Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли гузашта дар Русия – 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазистон – 2-тогӣ, Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва як қатор кишварҳои дигари аврупоӣ – 1-тогӣ қитъаҳои интихоботӣ боз гардида буданд.

Дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 дар Тоҷикистон ҳамагӣ дар 8 шаҳри бузурги Русия барои раъйдиҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ қитъаҳои интихоботӣ ифтитоҳ гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.