ҲНИТ аз болои шаҳрдории Хуҷанд ба суд шикоят бурданист

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ояндаи наздик барои тахриби бинои дафтари кории ҳизб дар шаҳри Хуҷанд аз болои мақомоти шаҳрдорӣ ба суд шикоят бурданист. Муовини раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзо Ҳоҷимуҳаммад дар ин робита изҳор доштааст, санаи 17-уми июн зимни тахриби бино ба онҳо итминон дода буданд, ки арзиши бино […]



Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ояндаи наздик барои тахриби бинои дафтари кории ҳизб дар шаҳри Хуҷанд аз болои мақомоти шаҳрдорӣ ба суд шикоят бурданист.

Муовини раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзо Ҳоҷимуҳаммад дар ин робита изҳор доштааст, санаи 17-уми июн зимни тахриби бино ба онҳо итминон дода буданд, ки арзиши бино аз ҷониби ҳукумат ҷуброн шуда, барои сохтмони бинои нави дафтари кории ҳизб қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

«То ҳол ҳукумат шаҳр барои тахриби бинои дафтари кории ҳизб ҷубропулӣ напардохта, барои сохтмони бинои нави дафтари корӣ қитъаи замин ҷудо накард», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли ӯ, тибқи муқаррароти Кодекси замини ҶТ,камаш як сол пеш аз гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ, заминистифодабаранда бояд ба таври хаттӣ огоҳонида шуда,ҳамчунин, бояд баъди ба соҳиби замин ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш, дар маҳали нав сохта додани бинои баробарарзиш ё пардохтани шакли пули арзиши он ва ҷуброни ҳаҷми пурраи ҳамаи зарарҳои расондашуда анҷом дода мешуд.

«Чанд рӯз қабл ба муроҷиатҳои сершумори ҳизб аз шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии (МИХД) посух расид, ки дар он гуфта мешавад, мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд, ки бо қарори ҳукумат моҳи октябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, ки сохтмони бинои нави дафтари кории ҲНИТ пешбинӣ нашудааст», – иброз дошт намояндаи ҳизб.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.