Давлат ба Шаҳбол Мирзоев 130 сомонӣ нафақа таъин кард

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз лату кӯби фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд, тибқи маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа таъин намуд. Нуъмон Мирзоев, падари сарбози ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шаҳбол Мирзоев […]



Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз лату кӯби фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд, тибқи маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа таъин намуд.

Нуъмон Мирзоев, падари сарбози ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шаҳбол Мирзоев муддати д усол – аз 18 сентябри соли ҷорӣ то 30-юми сентябри соли 2016 тибқи маъюбии гурӯҳи I нафақа мегирад.

«Ман чунин мешуморам, ки барои маъюби гурӯҳи I нафақа дар ҳаҷми 130 сомонӣ хеле маблағи ночиз аст. Агар Шаҳбол комилан шифо ёбад, ман ин нафақаро ба давлат бармегардонам», – гуфт падари сарбоз.

Ёдрас мекунем, ки сарбози нерӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев рӯзи 6-уми марти соли равон аз ҷониби фелдшери қсми ҳарбиаш Усмон Ғайратов ва ҳамтоёни ӯ мавриди лату кӯб қарор гирифта, ба маъюбӣ гирифтор гардид.

Шаҳболи Мирзоеви 23-сола сокини деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда, пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд нияти ба кор машғул шудан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дошт, аммо барои ин ӯро лозим буд, ки муддати як сол дар сафи артиш хизмат кунад. Дар ин робита 7 моҳ қабл ӯ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар қисми таълимии нерӯҳои марзбонии кишвар адои хизмат мекард.

Қобили зикр аст, ки суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 9-уми или соли ҷорӣ Усмон Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакиро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.