Қаноатмандии БОР аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Бонки осиёгии рушд (БОР) амалисозии лоиҳаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро муваффақона арзёбӣ намуд. Дар маводи интишоршуда дар сомонаи расмии БОР дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2005 миёни мақомоти энергетикии Тоҷикисону Афғонистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки мутобиқи он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки осиёгии рушд (БОР) амалисозии лоиҳаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро муваффақона арзёбӣ намуд.

Дар маводи интишоршуда дар сомонаи расмии БОР дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2005 миёни мақомоти энергетикии Тоҷикисону Афғонистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки мутобиқи он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 300 МВт дар мавсими баҳору тобистон ва ҳамчунин мувофиқи имкон фасли тирамоҳу зимистон низ пешбинӣ гардида буд.

Тибқи маълумоти зикршуда, дар лоиҳа имкони қонеъ намудани камбуди барқ аз ҳисоби нерӯи барқи зиёдатӣ дар назар буд, ки Тоҷикистон онро метавонист содирот намояд.

Таъкид мегардад, ки имкони истеҳсоли барқ дар Афғонисон аз 456 МВт дар соли 1990 то ба 250 Мвт дар соли 2005 коҳиш ёфта, дар замони даргириҳо аксари иқтидорҳо ва иншооти энергетикӣ тахриб ва ё осеб диданд. «Ғайр аз ин, қисмати зиёди дастгоҳу таҷҳизоти шабакаҳои интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ зарар дида, ё дуздида шудаанд» – қайд мешавад дар мавод.

Дар БОР изҳор мекунанд, ки Тоҷикистон бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқи зиёдатӣ дар мавсими баҳору тобистон қисман талаботи Афғонистонро қонеъ кард.

«Воситаи ягонаи содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шабакаҳои электроэнергии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, вале бинобар сабаби маҳдудиятҳои аз ҷониби Ӯзбекистон дар ин самт ҷоришуда, дар мавсими тобистон аксаран Тоҷикистон партобҳои холии обро амалӣ кард», – таъкид мешавад дар маводи бонк.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро зиёд мекунад.

Бино ба маъулмоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи қариб 40% афзуд.

Моҳи октябри соли равон, замоне, ки дар худи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ амал мекард, Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 50 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, ки ба ҳисоби миёна 1,6 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.