Ҳ.Насриддинов: Ҷудоӣ дар сафҳои коммунистон кори дасти «кӯҳансолон» аст

– Насли кӯҳансоли коммунистони Тоҷикистон, ки  муддати 23 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳеҷ яке аз сиёсатмадори ҷавону хушзеҳнро ба сиёсати бузург ҳидоят накард, ба ҷудоиандозӣ дар сафҳои Ҳизби коммунисти замоне муттаҳид боис мегардад», – чунин ибрози андеша намуд ба «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов, собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, ки ба масоили […]



– Насли кӯҳансоли коммунистони Тоҷикистон, ки  муддати 23 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳеҷ яке аз сиёсатмадори ҷавону хушзеҳнро ба сиёсати бузург ҳидоят накард, ба ҷудоиандозӣ дар сафҳои Ҳизби коммунисти замоне муттаҳид боис мегардад», – чунин ибрози андеша намуд ба «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов, собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, ки ба масоили комплекси агросаноатӣ масъул буд.

«Имрӯз миёни сиёсатмадорони ҷавон бисёр афроде ҳастанд, ки дар баробари коммунистон ҷонибдори адолати иҷтимоӣ, дастрасӣ ба маълумот ва тандурустианд, вале дар сафҳои ҲКТ онҳо минбаъд ба зинаҳои болоии мансаби сиёсӣ расиданро намебинанд, зеро раҳбарияти ҳизб танҳо фикри онро дорад, ки чӣ гуна тариқи ҲКТ дар парлумон соҳиби курсӣ шаваду аз арсаи сиёсат канор наравад», – қайд кард Насриддинов.

Ба андешаи ӯ, чунин сиёсати «кӯҳансолон»-и ҲКТ ба он оварда расонид, ки имрӯз дар бораи ҳизб, таърих, доҳӣ ва пешвоёни он насли наврасу ҷавонон қариб чизе намедонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврал дар ҷумҳурӣ дар сафҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷудоиандозӣ ба мушоҳида мерасад. Қаблан котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков дар робита ба ин масъала изҳор намуда буд, ки мансаби котиби бахши Кумита дар вилояти Суғдро Абдуҷаббор Аҳмедов

худсарона ишғол намудааст

, ки тайи 5-6 соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳеҷ муносибате надорад.

Ҳикматулло Насриддинов арбоби ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон, солҳои 80-уми асри гузашта – вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, узви Шӯрои олии кишвар, раиси Кумитаи Шӯрои олии ҶТ оид ба масоили комплекси агросаноатӣ ва озуқавории ҶТ, вакили Шӯрои олии Тоҷикистон, даъватҳои 9, 10, 11 ва 12-ум. Мудири шуъбаи комплекси агросаноатии дастгоҳи президенти ҶТ.

Соли 1999 раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон. Моҳи марти соли 1999 Вазорати адлияи ҶТ нисбати ӯ аз рӯйи далели тақаллубкорӣ дар масъалаи шумораи аъзои ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бо қарори Вазорати адлия фаъолияти ҳизб муддати ним сол боздошта шуд. Моҳи сентябрисоли 199 бошад, Суди олӣ барои иштироки ғайриқонунӣ дар кори Шӯрои машваратии аҳзоби сиёсӣ дар муддати амали ин қарор, фаъолияти ҳизбро умуман манъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...