Ҳалокати комиссари ҳарбии Ёвон бар асари таркиш дар дегхона

Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Дилшод Азимов бар асари таркиш дар дегхона (котелная)-и манзилаш ва ҷароҳатҳои сӯхтаи гирифта аз он ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар манзили зисти комиссари ҳарбӣ, воқеъ дар […]



Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Дилшод Азимов бар асари таркиш дар дегхона (котелная)-и манзилаш ва ҷароҳатҳои сӯхтаи гирифта аз он ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар манзили зисти комиссари ҳарбӣ, воқеъ дар кӯчаи Қаротегин рух додааст. «Комиссари ҳарбӣ ва ронандаи ӯ зимни таъмири низоми гармидиҳии манзили Дилшод Азимов осеб дидаанд. Ҳангоми таъмир бар асари беэҳтиётии онҳо дар дегхона таркиш ба вуқӯъ пайваста, соҳибхона ҳалок ва ронандааш бо ҷароҳатҳои сӯхта дар бемористон бистарӣ шудааст», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Дилшод Азимов аз соли 2012 ба ҳайси комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон фаъолият мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.