Парвандаи ёвари прокурори афвшуда бозбинӣ мешавад



Парвандаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки


субҳи рӯзи 28-уми сентябр


 


корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аввали моҳи ноябр тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад, дар суди ноҳияи Сино дубора бозбинӣ мешавад.

Тавре аз суди шахри Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси аризаи Мирзо Муродов, ҳамсари Зевармо Пироваи ҳалокшуда бозбинӣ мешавад, ки аз болои қарори истифодаи афв нисбати Ф.Холиқзода шикоят бурдааст. «Алҳол санаи дақиқи бозбинии қарор дар бораи афв нисбати Ф.Холиқзода маълум нест», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Ф.Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола 

бар асари зери чархи автомашинаи

 ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид. 

Гунаҳкори садамаи нақлиёт Фирӯз Холиқзодаи 31-сола ба ҳайси ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият дошт. Ӯ писари собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милллии Тоҷикистон, профессор Кароматулло Холиқов мебошад, ки ду сол қабл аз олам даргузашт.

spot_imgspot_img

Популярное