Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии Истамбул



Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2014 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорони мустақил таҳти роҳбарии Конфедератсияи MUSIAD (Дафтари соҳибкорони мустақили Туркия) баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 120 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар намоишгоҳи мазкур стенди Тоҷикистон омода карда шуда, дар он ширкату корхонаҳои кишвар маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон намуданд.

Дар доираи ин чорабини вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Умер Ҷиҳад Вардан ва раиси Дафтари соҳибкорони мустақили Ҷумҳурии Туркия Нейл Олпак баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи иқтисодиёт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди ҳамкории минбаъда байни ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркия табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное