Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии Истамбул

Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2014 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорони мустақил таҳти роҳбарии Конфедератсияи MUSIAD (Дафтари соҳибкорони мустақили Туркия) баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 120 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ва дастгирии Шӯрои […]



Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2014 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорони мустақил таҳти роҳбарии Конфедератсияи MUSIAD (Дафтари соҳибкорони мустақили Туркия) баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 120 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар намоишгоҳи мазкур стенди Тоҷикистон омода карда шуда, дар он ширкату корхонаҳои кишвар маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон намуданд.

Дар доираи ин чорабини вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Умер Ҷиҳад Вардан ва раиси Дафтари соҳибкорони мустақили Ҷумҳурии Туркия Нейл Олпак баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи иқтисодиёт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди ҳамкории минбаъда байни ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркия табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.