Шиносоии вазири корҳои дохилӣ бо рафти сохтмони бинои нави ШВКД дар Хоруғ

Дар ҷараёни сафар ба ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо фаъолияти шуъбаҳои милиса дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон аз наздик ошно гардида, бо ҳайати шахсии шуъбаҳои мулоқот кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир дар шаҳри Хоруғ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия дидан карда, бо ҳайати шахсии он ҳамсӯҳбат […]



Дар ҷараёни сафар ба ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо фаъолияти шуъбаҳои милиса дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон аз наздик ошно гардида, бо ҳайати шахсии шуъбаҳои мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир дар шаҳри Хоруғ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия дидан карда, бо ҳайати шахсии он ҳамсӯҳбат шуд. Бояд зикр намуд, ки чанд муддат пештар бинои замонавии Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо иштироки Сарвазири кишвар Қ. Расулзода мавриди истифода қарор гирифта буд. Вазир аз масъулияти баланди хизматӣ дар назди кормандони Воҳиди махсуси Вазорат ибрози назар намуда, қайд кард, ки муборизаро бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа бояд пурзӯр намуд.

Нимаи дуюми рӯзи 2-юми декабр Рамазон Раҳимзода дар якҷоягӣ бо Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед аз рафти сохтмони бинои нави Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ боздид карданд. Сохтмони бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ дар назар дошта шуда, дар мӯҳлатҳои наздиктарин мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хоруғ вазири корҳои дохилӣ  бо фаъолон, зиёиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳру ВМКБ, ки дар он раиси вилоят Шодихони Ҷамшед ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар идомаи сафари кориаш вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳамроҳии раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ва раиси тозаинтихоби шаҳри Хоруғ Қимматгул Алибердиева ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ташриф оварда, бо донишҷӯёну устодони ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодон, саволу ҷавоби озод ва сӯҳбати кушод баргузор гардида, он аз ҷониби ҷавонон хуб пазироӣ гардид.

Ин сӯҳбати озоду ошкоро асосан мавзӯҳои ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, мубтало гаштан ба нашъамандӣ, вируси норасоии бадан (СПИД), мушкилоти майзадагӣ, масоили худкушӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани ҷавонон, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани воситаи нақлиёт, автомашинаҳои сиёҳшиша, кору фаъолият ва муносибат ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои исломӣ, аз қабили Сурия, шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию эсктремистӣ ва ғайраро дар бар гирифт.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.