Иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иборат аз сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии ин Идора дар ш. Женева хонум Хулан Тседев, муовини намояндаи минтақавии Идора барои Осиёи Марказӣ хонум Элизабет да Кошта, мушовири   Идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иборат аз сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии ин Идора дар ш. Женева хонум Хулан Тседев, муовини намояндаи минтақавии Идора барои Осиёи Марказӣ хонум Элизабет да Кошта, мушовири   Идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ хонум Наталя Сейтмуратова, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва намояндагони Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқоти масъалаҳои механизми назоратӣ оид ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ҳошияи низоми махсуси СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҷонибҳо дар мавзӯи таҷрибаи  мусбати ҳамкории кишвар бо Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.