Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо директори генералии ширкати «Конфиндустрия Умбрия», раиси Иттиҳодияи саноатчиёни Италия Аурелио Форсигнано ва директори ширкати «Умбрия Экспорт» Энсо Фалоси дар шаҳри Перуҷа масоили марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид ба ҳамсуҳбатон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти палата ва имконоти иқтисодии Тоҷикистон маълумот дод.
Гуфта мешавад, ба амалисозии лоиҳаи палатаҳои савдо ва саноат оид ба рушди косибӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳо дар сатҳи ниҳоду сохторҳои расмӣ манфиатдорӣ изҳор намуда, ҷониби Италия ба харидории металлу сангҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кард.



