Боздиди раиси парлумони Афғонистон ва ВКД Тоҷикистон



Вазири корҳои дохилии Тоҷикитсон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии (парлумон) Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу ва дигар намояндагони парлумони ин кишвар иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амният, тайёр намудани кадрҳо ва дигар мавзӯҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода иброз доштааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизими динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ҳамкориҳои байни ду кишвар бо созишномаю шартномаҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд.

Дар вохӯрӣ қайд гардидааст, ки чунин мулоқотҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари ҳамсояву ҳамсарҳад, ки аз ҷиҳати таъриху фарҳанг, дину забон бо ҳам наздиканд, инчунин таҳкими ҳамкориҳои мушатарак барои пойдории сулҳу субот имкониятҳои бештаре фароҳам хоҳад овард.

spot_imgspot_img

Популярное