Ифтитоҳи намоишгоҳи зимистонаи косибон дар Душанбе

Рӯзҳои 6-7-уми декабри соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоишгоҳи зимистонаи косибон баргузор гардида, рӯзи байнулмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Тавре аз Маркази фарҳангии «Бактрия» иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба беҳбуди сатҳи огаҳии қишри васеи аҳолӣ дар бораи дастовардҳое, ки метавон тариқи ҷалби бештари шахсони дорои имконияти маҳдуд ба бахшҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 6-7-уми декабри соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоишгоҳи зимистонаи косибон баргузор гардида, рӯзи байнулмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз Маркази фарҳангии «Бактрия» иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба беҳбуди сатҳи огаҳии қишри васеи аҳолӣ дар бораи дастовардҳое, ки метавон тариқи ҷалби бештари шахсони дорои имконияти маҳдуд ба бахшҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ба он ноил гардид, имкон фароҳам меорад.

Ба иттилои дастандаркорони чорабинӣ, таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии шахсони дорои имконияти маҳдуд бори нахуст дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо Намоишгоҳи ҳамасолаи зимистонаи косибон баргузор мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки намоишгоҳи дурӯза аз ҷониби  Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Cesvi ва ҳамоҳангсозии муштарак бо маркази «Бактрия» доир гардида, маҳсули ҳунари зиёда з 50 нафар косибони соҳибтаҷриба ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби гурӯҳи иборат аз 21 созмонҳои маҳалливу байнулмилалӣ дастгирӣ ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...