Рӯйхати аъзои нави аз ҷониби президент пешниҳодшудаи ҳайати КМИР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба муҳлати нав ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба ҳайси муовини ӯ аз ҷониби президент номзадии узви Ҳизбизхалқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин мувофиқи пешниҳоди президент, шахсони зерин ба […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба муҳлати нав ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба ҳайси муовини ӯ аз ҷониби президент номзадии узви Ҳизбизхалқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин мувофиқи пешниҳоди президент, шахсони зерин ба аъзогии ҳайати нави КМИР пешниҳод шудаанд: аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Зиё Раҳмон, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Ҷамолиддин Маҳмуд, аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Вера Наимова, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Олим Ёрматов, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон – Юсуфбек Шодмонбеков, Аз ҲХДТ – Маҳмадёр Раҷабов ва Муҳистон Азизова ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Муҳаммадборон Зойиров.

Ба ҳайати нави КМИР аз ҷониби президент намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон пешниҳод нагардид.

Ғайраз ин, ба ҳайати КМИР ҶТ шахсони ғайриҳизбии зерин низ пешниҳод шуданд: Нуралӣ Саидов – котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов – раиси Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов – ҳуқуқшинос, Иззатулло Алиев – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муҳаббат Файзова – раиси ҷамоати Оби Киики ноҳияи Хуросон.

Ҳамин тариқ, ҳайати нави КМИР дар муқоиса бо ҳайати кунуниаш усулан тафовут надорад. Танҳо ду нафари нав – Муҳаббат Файзова ва Маҳмадёр Раҷабов ба ҳайати он шомил гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати пешинаи КМИР низ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳузур надошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.