Аслов ва Меллер вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Женева мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Шуъбаи швейтсарии СММ дар Женева Майкл Меллер баргузор шуд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов бо ишора ба саҳми арзандаи СММ дар таҳкими сулҳу амният дар арсаи байнулмилалӣ, ба идомаи аз ҷониби ин […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Женева мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Шуъбаи швейтсарии СММ дар Женева Майкл Меллер баргузор шуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов бо ишора ба саҳми арзандаи СММ дар таҳкими сулҳу амният дар арсаи байнулмилалӣ, ба идомаи аз ҷониби ин ниҳоди универсалӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳалли масоили халъи силоҳ, ҳимоят ва ҳавасмандсозӣ аз риояи ҳуқуқи инсон изҳори умедворӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва ҳамкории Тоҷикистон бо Гурӯҳи СММ оид ба муосидат ба Афғонистон табодули назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.