Рӯзҳои 8-9-уми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷаласаи панҷгонаи коршиносон оид ба масъалаи пайвастшавии роҳҳои оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, ҷаласаро муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода раисӣ намуда, дар кори он намояндагони вазорату мақомоти соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳани панҷ кишвари зикршуда иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, коршиносон аз ҷумла, оид ба масоили ҳолати кунунии соҳаи роҳи оҳан ва рафти корҳо дар самти рушди шабакаҳои роҳҳои оҳани ҷонибҳо, муайян намудани чорабинҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи ташаббуси пайвастшавии роҳҳои оҳани панҷ кишвар, имконоти баргузории вохурии вазирони вазоратҳои марбута ва роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин ва Эрон мубодилаи афкор намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз таҳлили ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарони гуруҳои коршиносон санади ниҳоӣ ба имзо расид.
Роҳи оҳани минтақавии мазкур аз Қошғари Чин тариқи қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон то Ҳироти Афғонистон тӯл кашида, минбаъд пайваст кардани он бо роҳи оҳани Эрон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки қаблан Эрон барои иҷрои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар соли 2010 Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.
Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат- Қарамиқ (марзи Қирғизистон) бо масофаи 270 километр мушкилтарин арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳал, барои сохтмони 1 километри роҳ дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул пешбинӣ шудааст.


