Пагоҳ, 12-уми декабр дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе (хиёб. Рӯдакӣ 14, ошёнаи 2) доир ба мавзӯи “Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ” конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, баргузории Конфронс бо ташаббуси “Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ташкил мешавад.
Гуфта мешавад, мақсади ниҳоии конфронс таҳия намудани методологияи миллӣ оид ба ченкунӣ ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ (табақаи миёнаи аҳолӣ) маҳсуб меёбад. Дар кори конфронс тамоми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин коршиносони байналмилалию дохилӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.


