Генерал Суҳроб Қосимов аз олам даргузашт

Яке аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқии Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ генерал-майор Суҳроб Қосимов пас аз бемории тӯлонӣ субҳи имрӯз дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод. Маросими видоъ бо генерал Суҳроб Қосимов имрӯз дар манзили ӯ дар пойтахт доир гардида, ҷасади марҳум дар яке аз […]

Аваз Юлдошев



Яке аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқии Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ генерал-майор Суҳроб Қосимов пас аз бемории тӯлонӣ субҳи имрӯз дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Маросими видоъ бо генерал Суҳроб Қосимов имрӯз дар манзили ӯ дар пойтахт доир гардида, ҷасади марҳум дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

Моҳи марти соли 2007 Суҳроб Қосимов аз мансаби фармондеҳи бригадаи алоҳидаи таъиноти махсуси ВКД ҶТ истеъфо дод, ки тайи 15 соли ахир сарварии онро ба уҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2002 ӯ ба ҳайси раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон низ фаъолият мекард.

Суҳроб Қосимов 2 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совет (Темурмалики ҳозира) ба дунё омада, соли 1968 бо оилаашон ба ноҳияи Данғара кӯчидаанд. Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Ленини Маскав дохил шуда, онро соли 1985 хатм кардааст.

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бо идома ба анъанаҳои оилавӣ дар мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор кор кардааст ва дар яке аз мусоҳибаҳояш эътироф намуда буд, ки ӯ ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонист, ки замоне фармондеҳи низомӣ мешавад.

Пас аз озодкунии Душанбе аз нерӯҳои мухолифин ахири соли 1992, фармондеҳи гуруҳи таъиноти махсус дар назди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб таъин шуд. Моҳи июни соли 1992 ин гурӯҳ ба полки 2-юми фаврии ВКД ҶТ ва моҳи декабри соли 1996 ба бригадаи 1-уми зудамали ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд.

Бори охир генерал-майор Суҳроб Қосимов бо сарулибоси генералӣ дар маросими ҷашни 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҳузур дошт. Дар ин маросим президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Суҳроб Қосимов ордени Спитамен дараҷаи аввалро тақдим кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.