Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати як зани қаллоб дар пойтахт

Рӯзи 16-уми декабр ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмади 37-сола, директори ширкати “Сурино”, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2014 шаҳрванд Саломатхон Неъмоноваи 41-сола, соҳибкор, сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба ба  бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72 ҳазору 600-сомонӣ маҳсулоти  […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16-уми декабр ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмади 37-сола, директори ширкати “Сурино”, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2014 шаҳрванд Саломатхон Неъмоноваи 41-сола, соҳибкор, сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба ба  бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72 ҳазору 600-сомонӣ маҳсулоти  хӯрокворӣ  гирифта, то ҳол пулашро барнагардонидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамин тариқ, Неъмонова С.Қ. моҳи январи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раҷабов Салоҳиддини 26-сола, соҳибкор, сокини шаҳри Душанбе низ даромада, аз ӯ ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ  гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд  Аҳмадова Матлуба Сатвалдиевна, соли таваллудаш 1968, соҳибкор, сокини кӯчаи Фархори пойтахт муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2013 ҳамсояаш Шамсиев Парвиз Ҷалолиддинович, соли тавллудаш 1976, бо  роҳи  фиреб  ба  бовариаш  даромада, аз ӯ  ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро гирифта ба “ФСП”-и “Аввалин бонки молиявии хурд” гузошта, аз он ҷо маблағи 500000-сомонӣ қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати 1-сол пардохт намуда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро бар мегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.