Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт тайи рӯзҳои ахир қурби рубл ба андозаи 20% коҳиш ёфт.
Агар аввали ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе барои 1 ҳазор рубли русӣ 100-101 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз ба ивази он ҳамагӣ 75-80 сомонӣ маблағ дода мешавад.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши босуръати рубли русиро мустақиман ба беқурбшавии бесобиқаи рубл дар худи Русия нисбат медиҳанд.
Коҳиши босуръати қурби рубл, ки аввали ҳафтаи равон сурат гирифт, аз замони дефолти соли 1998 бесобиқатарин маҳсуб меёбад. Шаби рӯзи сешанбе Бонки марказии Русия ногаҳон ва ғайриинтизор барои ҳама меъёри фоизии калидиро аз 10,5 то 17% боло бурд, аммо ин тадбирҳо барои наҷоти рубл ҳеҷ самаре ба бор наоварданд. Доллар ва евро ба ҳадди ниҳоии таърихӣ расида, мутаносибан 80 ва 100 рублро ташкил доданд.
Шоми рӯзи сешанбе мавқеи рубл каме устувор шуд. Субҳи рӯзи чоршанбе савдои 1 доллари ИМА ба 71 рубл ва 1 евро ба 89 рубл сурат гирифт.
Ҳамчунин маълум шудааст, ки аввали ҳафта Бонки марказии Русия барои дастгирии рубл қариб 2 млрд. доллари ИМА-ро ба фурӯш баровардааст.



