Вазорати рушди иқтисод минбаъд болорафии арзиши ордро пешгӯӣ мекунад

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ минбаъд болоравии нархи гандум ва орди гандумӣ дар Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад. «Ҳарчанд ин маҳсулот дар минтақа дастрас бошад ҳам, бинобар сабаби зиёд шудани нарҳои содиротӣ дар минтақа ва афзоиши талаботи мавсимӣ ба захира дар остонаи фарорасии фасли зимистон, аз болоравии нархи гандум ва орди гандум дар Тоҷикистон интизорӣ меравад», […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ минбаъд болоравии нархи гандум ва орди гандумӣ дар Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад.

«Ҳарчанд ин маҳсулот дар минтақа дастрас бошад ҳам, бинобар сабаби зиёд шудани нарҳои содиротӣ дар минтақа ва афзоиши талаботи мавсимӣ ба захира дар остонаи фарорасии фасли зимистон, аз болоравии нархи гандум ва орди гандум дар Тоҷикистон интизорӣ меравад», – зикр мегардад дар гузориши солонаи «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ»-и Вазорати рушди иқтисод.

Коршиносони вазорат бар ин назаранд, ки коҳиши идомадоштаи қурби арзи миллӣ ба нархҳои маҳслоти воридшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти Вазорат, дар муқоиса бо моҳи октябр моҳи ноябри соли равон болоравии нархҳо ба орди гандумӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида расидааст.

«Ба ҳолати 5-уми декабри соли 2014 нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 153 сомонӣ ё худ 30 доллари ИМА (моҳи октябр – 144,5 сомонӣ) ва орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 161,5 сомонӣ ё худ 31,7 доллари ИМА (моҳи октябр – 153,13 сомонӣ)-ро ташкил дод», – таъкид мешавад дар гузориш.

Тибқи маълумоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), соли равон ҳаҷми истеҳсоли гандум дар Қазоқистон, ки дар минтақа кишвари бузургтарини истеҳсолкунандаи ин навъи зироати кишоварзӣ аст, нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон гандуму орд ворид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.