Идомаи афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон беш аз 65% афзуд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 805 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон беш аз 65% афзуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 805 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Истихроҷи ангишт бинобар сабаби мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар истеҳсолот, гармкунӣ ва дигар талабот ба ивази гази табиӣ ва нерӯи барқи гароннарх (масалан, барои коркарди газ дар ТАЛКО) зиёд шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ 116 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки дар муқоиса бо моҳи октябр 18 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.