Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Олимҷон Бобоев
болоравии қурби доллари ИМА дар баробари сомонӣ ва поин рафтани арзиши рубли русиро муваққатӣ меҳисобад ва бар ин бовар аст, ки вазъият дар семоҳаи аввали соли 2015 ба эътидол меояд.
Ба гуфтаи Бобоев, тайи ин муддат ноустуворӣ боқӣ мемонад ва баъдан пули русӣ мавқеашро дар бозор муайян мекунад. Ҳамзамон таносубҳои муайяни иқтисодӣ равшан мешаванд.
Донишманди тоҷик сабаби болоравии қурби долларро ба қимати нафт марбут медонад. Ба қавли ӯ: “Ин як сиёсати глобалӣ аст. Агар дар ҷаҳон арзиши асли ҷамъи фоидае, ки истеҳсоли нафт медиҳад, қариб 4 баробар аз сатҳи адолат болотар аст. Ин ба таври ғайриобъективӣ боло бардошта шудааст. Имрӯз дар бозори ҷаҳон нархи нафт якбора бошиддат паст рафт, ки асосан ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ин марҳилаи муайян аст ва то семоҳаи аввали соли 2015 боз ба эътидол меояд. Чунки таъсири он ба кишварҳое, ки ин корро анҷом додаанд, ба онҳо ҳам мерасад”.
Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
афзуд: “Аз дигар тараф, барои чӣ ин ба пули русӣ таъсири сахт расонд? Чунки иқтисодиёти Русия алҳол нисбат ба хатарҳои беруна он қадар устувор нест. Яъне иқтисоди Русия осебпазир аст. Баъдан, пули Русия озод шино надошт, яъне бо супориши ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ идора мешуд. Инҳо хостанд пулро дар бозор сар диҳанд, устувориашро таъмин кунанд. Дар ҳолате ки мо пулро озод дар бозор сар медиҳем ва месанҷем, ки чӣ хел қурби онро мустаҳкам кунем. Вақте ки он мустаҳкам шуд, иқтисодиёт осебпазир намешавад”.
Дар мавриди таъсири пойин рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистону зиндагии мардум Бобоев чунин ибрози андеша кард: “Ин ҷо як омили интизорӣ аст. Мо ояндаро намебинем, ки кай ин чиз аз байн меравад. Мехоҳем тезтар пули доштаамонро ба доллар табдил диҳем. Вазъияти пули Русия чӣ хел мешавад, барои мардум номуайян аст. Бонки миллӣ мехоҳад, ки барои таъмини мувозинат онро фарорад ва чунин имконият дорад”.
Бобоев бар ин бовар аст, ки шурӯъ аз соли 2015 пули миллии Чин ва Русия дар Тоҷикистон ҳамчун асъори минтақавӣ ба муомилот бароварда мешавад. Ба ин тариқ, талабот ба доллар кам шуда, қурби он поин меравад.



