Дар Суғд нашрияи нави ҲХДТ таъсис дода шуд

Дар арафаи таҷлили 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кумитаи иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нашрияи хешро бо номи «Сипеҳр» аз чоп баровард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, нашрияи мазкур бо мақсади инъикоси набзи ҳизбиёни ноҳия, зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони ҲХДТ таъсис дода шуд. Гуфта мешавад, дар муҳити ноҳияи сернуфуз ва сераъзо ташкили ин […]



Дар арафаи таҷлили 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кумитаи иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нашрияи хешро бо номи «Сипеҳр» аз чоп баровард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, нашрияи мазкур бо мақсади инъикоси набзи ҳизбиёни ноҳия, зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони ҲХДТ таъсис дода шуд.

Гуфта мешавад, дар муҳити ноҳияи сернуфуз ва сераъзо ташкили ин нашрия амри воқеӣ буда, минбаъд аъзо ва пайравони ҳизб метавонанд бо матолиби хондании худ фаъолияти хешро нишон диҳанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз ба ҷуз нашрияи марказӣ – «Минбари халқ», ҲХДТ дигар нашрияҳои худ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода ва Қӯрғонтеппаро низ ба чоп мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.