Сафорати Тоҷикистон дар Украина маълумоти интишоршудаи ВАО-и Русия дар бораи миёни ҷангиёни Донбасси Украина ҳузур доштани тоҷиконро рад мекунад.
«Маълумот дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои минтақаи Донбасси Украина асоси воқеӣ надорад. Бино ба маълумоти хадамоти консулгарии ҶТ дар Украина ва раисони диаспораҳо дар вилояти Лугантску Донетск, чунин афрод аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин вилоятҳои ҳузур надоранд ва қаблан ҳам иқомат надоштаанд», – иттилоъ медиҳад сафорат.
Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин зикр мекунад, ки ин маълумот аз портали шаҳри Воронежи Русия гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти портал, барои ҳимояти Новороссия шаҳрвандони
кишварҳои гуногун меҷанганд
ва 4 декабр хабарнигори портали 36on.ru бо ҷангиён аз Тоҷикистон
суҳбат
доштааст, ки ба Луганск ихтиёрӣ барои ҳимоят аз аҳолии осоишта рафтаанд.



