Ҷабрдида аз адвокат Шуҳрат Қудратов аз даъвояш даст кашид

Date:



Тӯрабек Охунов, ҷабрида ва бародари роҳбари маҳкумшудаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, дар

мурофиаи идомадоштаи

парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов аз даъвояш даст кашид.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тӯрабек Охунов дар аризаи худ ба Агентии зиддифасод маълумот дода буд, ки сарфи назар аз ҳар моҳ гирифтани 500 доллари ИМА барои хизматгузорӣ ба сифати адвокат, тирамоҳи соли 2012 Шуҳрат Қудратов аз ӯ барои мусоидат ба бегуноҳ эътироф кардани бародараш Ҷӯрабек Охунов дар суд 10 ҳазор доллари ИМА талаб карда буд ва сипас баъди гирифтани 8 ҳазор доллари ИМА, ба ӯ 1 ҳазор доллари ИМА-ро баргардонида, 7 ҳазор доллари ИМА-и боқимондаро ба эҳтиёҷоти худаш масраф намудааст. «Тӯрабек Охунов бо раҳму дилсӯзӣ ба оила ва фарзандони судшаванда аз даъвои худ даст кашид», – гуфт ӯ.

Адвокати Ш.Қудратов ҳамчунин зикр кард, ки шоҳиди асосӣ Амиралӣ Сумалаев, ки алайҳи судшаванда баёнот дод, дар мурофиа ба додани баёноти дигаре оғоз намуд, ки аз нишондодҳои дар аризаи даъвогӣ зикршуда тафовут доранд.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...