Баррасии имкони дубора содироти барқи Тоҷикистон аз Покистон

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли баландшиддати барқи минтақавӣ CASA-1000, Покистон ният дорад, ки имкони дубора содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигарро баррасӣ намояд. Бино ба иттилои хабаргузориҳои Покистон, вазири савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон изҳор доштааст, ки оид ба интиқоли 1 ҳазор МВт нерӯи барқ тариқи ин хат аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил […]

Пайрав Чоршанбиев



Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли баландшиддати барқи минтақавӣ CASA-1000, Покистон ният дорад, ки имкони дубора содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигарро баррасӣ намояд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Покистон, вазири савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон изҳор доштааст, ки оид ба интиқоли 1 ҳазор МВт нерӯи барқ тариқи ин хат аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда, дар сурати зарурат имкон дорад, ки аз ҳисоби ин нерӯи барқи дастрасшуда ҳама гуна кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба камбуди барқ бо он таъмин карда мешаванд.

«Амалисозии лоиҳаи CASA-1000 намунаи барҷастаи ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманди дуҷониба мёни минтақаҳо буда, Покистонро бо нерӯи барқи зарурӣ таъмин месозад», – гуфтаааст вазири покистонӣ.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли равон мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон

дар Истамбул созишнома

дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.

Дар созишнома харидории нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1 ҳазор МВт пешбинӣ шудааст. Мутобиқи лоиҳа, интиқоли 70%-и нерӯи барқ ба Тоҷикистон ва 30%-и он ба Қирғизистон рост меояд. Афғонистон ҳудуди 300 МВт нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Тибқи лоиҳа, Покистон нерӯи барқро бо арзиши 9,35 сент мехарад.

Лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар мавсими тобистон таъмин мекунад, ахири соли 2018 бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Аз бевосита оғоз гардидани корҳои амалисозии лоиҳа тобистони соли оянда интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?