Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмасдаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳр 29 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, онҳо дар ин давра ба маблағи умумии 44,4 млн. сомонӣ маҳслуот истеҳсол карданд ва 460 нафар сокинони пойтахт бо ҷойи корӣ дар онҳо таъмин гардиданд.
Бино ба маълумоти раиси пойтахт, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 260 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи умумии 993,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 197,6 млн. сомонӣ зиёдтар буда, дар ин давра беш аз 800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Раиси пойтахт зикр кард, ки тайи 10 моҳи соли равон ба бахши сохтмон 2 млрд. 390 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,6% бештар аст.
«Дар доираи амалисозии барномаи «Манзили дастрас» дар пойтахт барои 900 оила сохтмони 10 бинои баландошёна (аз 14 то 16-ошёна) оғоз гардид», – гуфт ӯ ва таъкид дошт, ки минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ба санаи 1-уми декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе 9 ҳазору 121 шахсони ҳуқуқӣ ва 28 ҳазору 820 нафар соҳибкорони хусусӣ ба қайд гирифта шуда, шумори шахсони ҳуқуқӣ дар зарфи 11 моҳ 1 ҳазору 943 адад афзудааст.


