Тоҷикистон оид ба харидории нафти Кувайт ва минбаъд коркарди он дар Покистону сипас ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти нафтии тайёр гуфтушунид дорад.
Сардори департаменти иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки доир ба воридоти нафти хом дар ҳаҷми 100 ҳазор тонна аз Кувайт зимни сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ин кишвар ахири моҳи ноябри соли равон тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.
А.Атоев зикр кард, ки интиқоли нафти истеҳсоли Кувайт ба корхонаҳои коркарди Покистон тариқи роҳи баҳрӣ ба нақша гирифта шуда, пас аз поккории он ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтии тайёр ворид карда мешавад.
Намояндаи ВКХ Тоҷикистон таъкид дошт, ки айни замон аз рӯйи ин масъала бо Покистон гуфтушунидҳо идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол меравад, ки барои иҷрои корҳои коркарди нафти Кувайт дар Покистон аз Тоҷикистон қувваи корӣ сафарбар шавад. «Агар гуфтушунидҳо муваффақона анҷом пазируфта, тибқи нақшаи мо сурат гирад, ҳаҷми воридоти нафти хом аз Кувайт ва мутаносибан маҳсулоти нафтии тайёр аз Покистон афзоиш меёбанд», – афзуд Атоев.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ворид карда мешавад, ки ба ҳиссаи он тақрибан 90%-и аз ҳаҷми умумии воридоти ин маҳсулот рост меояд. Ҳамчунин маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд аз Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо низ интиқол меёбад. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ беш аз 1 млн. тонна арзёбӣ мешавад.


