Амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон аввали соли оянда оғоз мегардад.
Аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои таъмиру азнавсозии роҳ Тоҷикистон 35 млн. доллари ИМА дастрас мекунад. «Маблағи мазкур баъди анҷоми корҳои лоиҳакашии лоиҳа, ки аввали соли 2015 дар назар аст, ҷудо мегардад», – гуфтанд дар намояндагии бонк.
Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии марҳилаи дуюми лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 35 млн. доллари ИМА – қарзи БАТР ва 35 млн. доллари ИМА ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати дуюми лоиҳа таъмиру таҷдиди роҳ ва гузаргоҳҳо дар маҳаллаи 82-юм бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахтро дар бар мегирад.
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки пас аз анҷоми амалисозии лоиҳа сарбории равуои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Амалисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон
дар арафаи анҷомёбист.
Барои амалисозии ин марҳилаи лоиҳа Бонки осиёгии рушд 120 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо кард.


