Конфронси нахустини «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»

Дар толори «Маркази ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» конфронси илмӣ бо унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, чорабинии мазкур аз нахустин конфронсҳои «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ҳисоб рафта, дар он самтҳои фаъолияти муассиса муаррифӣ карда шуд. […]

ASIA-Plus



Дар толори «Маркази ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» конфронси илмӣ бо унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, чорабинии мазкур аз нахустин конфронсҳои «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ҳисоб рафта, дар он самтҳои фаъолияти муассиса муаррифӣ карда шуд.

Дар конфронс намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимон, адибон, устодони макотиб ва дўстдорони илму адабиёт ширкат намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» доктори илмҳои филологӣ Насриддинов Фахриддин конфронсро ифтитоҳ намуда, доир ба мақсад ва ҳадафҳои маркази илмӣ маълумот дод.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аъзам Ҳотамӣ, ҳозиронро бо ифтитоҳи чунин марказ табрик намуд.

Сипас Раиси шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи «Ҷойгоҳи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ташаккули адабу фарҳанги миллӣ» сўҳбат кард.

Инчунин, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов дар мазўи «Нашрҳои илмӣ-интиқодии девони Камоли Хуҷандӣ дар санҷаи нақд» ва номзади илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ дар мавзўи «Муҳаққиқони тоҷик ва маърифати аҳволу ашъори Камоли Хуҷандӣ» баромад намуданд.

Ҳамчунин дар маркази ҷавонон миёни макотиби олии вилоят озмуни нахустини қироаткунандагони назми Камоли Хуҷандӣ доир гардид.

Иштирокчиёни озмун аз рӯи шартҳои тарзи қироат, сухангарӣ дар назм, саволу посухҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, навиштани шеъри шоир бо хатти арабӣ ва намоиши саҳнача аз ҳаёти Камоли Хуҷандӣ қувваозмоӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмун мақоми аввалро дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд «Сеҳри мубин», ҷойи дуюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон «Сафинаи Камол» ва зинаи сеюмро дастаи Донишкадаи политехникии Хуҷанд «Дурфишон» ишғол намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.