Тарзи нави ороиши арчаи солинавии Душанбе

Арчаи солинавӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз арчаҳои солҳои пешин тафвут дорад. Дигар қуллаи арчаро чун анъана тоҷ ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо оро намедиҳанд. Директори агентии тадорукоти ҷашнии «О’Бале» ва мушвоир оид ба ороиши арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт Мунира Исомова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун дар қуллаи арча монитори […]

Меҳрангез Турсунзода



Арчаи солинавӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз арчаҳои солҳои пешин тафвут дорад. Дигар қуллаи арчаро чун анъана тоҷ ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо оро намедиҳанд.

Директори агентии тадорукоти ҷашнии «О’Бале» ва мушвоир оид ба ороиши арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт Мунира Исомова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шудааст, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав зинат мебахшад.

Ба гуфтаи Исомова таҷҳизоти ороиш ва равшанидиҳандаи арчаи солинавӣ мавриди озмоиш қарор гирифта, имрӯз ба кор дароварда мешаванд,ки хотири сокинону меҳмонони пойтахтро болида месозанд.

Зимнан зикр гардид, ки таҷҳизоту лавозимоти ороиши арчаи солинавии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети пойтахт аз хориҷи кишвар дастрас шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори шаҳрдории пойтахт, дар майдони «Дӯстӣ» дар маркази шаҳри Душанбе арчаи солинавии баланлиаш 22 метр гузошта шуд. Рӯзи 31-уми декабр дар ин майдон аз соати 19-00 то 21-00 галаконсерти ситораҳои эстрадаи тоҷик доир гардида, баъди анҷоми он муддати 5 дақиқа мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.