Раиси пойтахт дар ҷашни солинавии мактаб-интернат иштирок кард



Ахири ҳафти сипаришуда раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим боздид намуда, дар чорабинии ҷашни солинавии онҳо иштирок кард.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мактаб-интернати мазкур 493 нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 25 нафарашон ятим буда, 300 нафар аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва 168 нафар аз оилаҳои камбизоати шаҳр мебошанд. Машғулиятҳо дар интернат бо забони тоҷикиву русӣ гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳр ба тарбиятгирандагони интернат сарулибоси гарм ва шириниҳо тақдим намуд. Ӯ ҳамчунин дар намоиши барномаи солинавии тарбиятгирандагони интернат низ ҳузур дошт.

spot_imgspot_img

Популярное