ҲСДТ бо 22 нафар номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ меравад

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 нафар номзадҳоро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд, ки дар он ғайриҳизбиён ҳам ҳузур доранд. Дар садри рӯйхат Абдуназаров Амният, муовини раиси ҲСДТ ва Абдуманнонов Абдураҳим, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт қарор дошта, ба рӯйхат ҳамчунин адвокат Файзинисо Воҳидова, раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров, адвокат […]

ASIA-Plus



Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 нафар номзадҳоро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд, ки дар он ғайриҳизбиён ҳам ҳузур доранд.

Дар садри рӯйхат Абдуназаров Амният, муовини раиси ҲСДТ ва Абдуманнонов Абдураҳим, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт қарор дошта, ба рӯйхат ҳамчунин адвокат Файзинисо Воҳидова, раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров, адвокат Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, ки айни замон дар ҳабс қарор дорад, низ шомиланд.

Ҳамчунин ба рӯйхати ҲСДТ Мирҳусайн Назриев, роҳбари эътирофнашудаи Ҳизби сосиалистии Тоҷикистон, номзади илм, журналист Улфатхонум Мамадшоева, Маҳмурод Одинаев роҳбари ташкилоти ҷамиятии зидди шиканҷа ва иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ дохил карда шудаанд.

Бинобар сабабҳои молиявӣ Дилбар Самадова, муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва Зариф Ғуломов номзадии худро бозхонданд.

Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, маблағгузорӣ ба омода кардани шиору лавҳа ва дигар маводи таблиғотӣ аз ҳисоби номзадҳо ба вакилӣ аз ҲСДТ ва ҳамчунин воситаҳои давлатии тибқи қонун муқарраршуда маблағгузорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...