Ба 22 курсии парлумон 125 нафар аз аҳзоби сиёсӣ довталабӣ мекунанд

Шумори номзадҳо ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳизбҳои сиёсӣ то имуз ба 125 нафар расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, то субҳи имрӯз аллакай 6 ҳизби сиёсии кишвар ба КМИР рӯйхатҳои ҳизбии худро пешниҳод намуданд. Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии […]

Аваз Юлдошев



Шумори номзадҳо ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳизбҳои сиёсӣ то имуз ба 125 нафар расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, то субҳи имрӯз аллакай 6 ҳизби сиёсии кишвар ба КМИР рӯйхатҳои ҳизбии худро пешниҳод намуданд.

Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 28, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 28, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 6, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 7, Ҳизби демократии Тоҷикистон – 4 ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 нафар номзадҳо шомил шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда боз ду ҳизби дигар – Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ анҷумани пешазинтихоботии худро доир намуда, рӯйхатҳо ҳизбиашонро тасдиқ карданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ – 22 номзад ва ҲКТ – 15 номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.