Нархи ҳадди ақали «рақамҳои ҷолиб»-и автомобилҳо боло рафт



Санаи 10-уми январ дар Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими музоядаи аломатҳои қайди давлатии силсилаи DD минтақаи 01 доир мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, нархи нахустин ё ҳадди ақали як рақам барои автомобилҳо аз ин силсила 414 сомониро ташкил медиҳад. Ҳанӯз моҳи октябр арзиши он ба 381 сомонӣ баробар буд.

Аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба болоравии нархи ҳадди ақали рақамҳо тағйирёбии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА таъсир расонид, ҳамчунин акнун рақамҳо бо чипҳо дода мешаванд. Арзиши рақами оддӣ каме бештар аз 280 сомониро ташкил медиҳад. Дархостҳо барои иштирок дар музояда то охири рӯзи 7-уми январ қабул карда мешаванд. Маблағҳои аз музояда бадастомада ба буҷети ҷумҳурӣ ворид мегарданд.

Дар музояда рақамҳои зерин ба фурӯш гузошта мешаванд: 0011, 0015, 0020, 0022, 0030, 0033, 0040, 0044, 0050, 0055, 0060, 0070, 0077, 0080, 0088, 0090, 0099, 0100, 0101, 0110, 0200, 0202, 0220, 0300, 0330, 0303, 0400, 0404, 0440, 0500, 0505, 0550, 0600, 0606, 0700, 0707, 0770, 0800, 0808, 0880, 0900, 0909, 0990, 1001, 1010, 1100, 1111, 2000, 2002, 2020, 2200, 2222, 3000, 3003, 3030, 3333, 4400, 4004, 4040, 4444, 5000, 5005, 5050, 5500, 5555, 6000, 6060, 6161, 6666, 7070, 7007, 7171, 7700, 8000, 8008, 8080, 8800, 9000, 9009, 9090, 9999, 9900.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳукуматдорони Тоҷикистон рақамҳои автомобилии ҷолибро расман дар музояда ба фурӯш мегузоранд. Дар музоядаи аввал рақами «0100» бо нархи гаронтарин – 9 100 доллари ИМА ба фурӯш рафт. Рақами «0707» бо арзиши 1 500 доллари ИМА харидорӣ шуд. Он замон нархи ҳадди ақал ҳамагӣ 17 доллари ИМА-ро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бо дастури президент рақамҳои «7777» ва «8888» аз истифода гирифта шуданд. Сарфи назар аз ба буҷет ворид шудани маблағҳои бадастомада аз ин музоядаҳо, то ҳанӯз боре ҳам дар бораи ҳаҷми умумии ин маблағҳои ба буҷет воридшуда расман маълумот дода нашудааст.

spot_imgspot_img

Популярное