Боздошти нашъаҷаллобон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ар вилояти Суғд ба гумони даст доштан ар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  ду сокини ноҳияи Ғончӣ ва Спитаменро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо як адад бастаи селофанӣ дарёфт ва мусодира гардидаст, ки дар дохили он маводи нашъаовари ҳашиш мавҷуд буд.

«Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршудагон ният доштанд маводи нашъаоварро дар ҳудуди ноҳияи Спитамен фурӯшанд», – омадааст дар хабар..

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.1 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) оғоз гардида, боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное