Захираҳои тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан ба 500 тонна баробар аст



Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии захираҳои тасдиқшудаи тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар даҳ кони тиллои ҷумҳурӣ корҳои коркард роҳандозӣ шудаанд. «Кони бузургтарини тиллои кишвар дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ буда, ба коркарди он корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин машғул аст», – иброз дошт ӯ.

Ҷумъазода таъкид дошт, ки яке аз шартҳои ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорон дар конҳо коркарди пурраи маъдан дар дохили кишвар аст.

Ӯ қайд кард, ки сармоягузори чинии КМ «Зарафшон» – ширкати Зи Ҷин коргоҳи поккории маъданро сохта ба истифода дод, ки тиллои аз кони «Таррор» истихроҷшударо аз омехтаҳо тоза мекунад.

Ёдрас мекунем, ки иқтидори солонаи лоиҳавии коргоҳи поккории мазкур то 5 ҳазор кило тиллои тозаро бо истеҳсоли сабикаҳои тиллоии меъёри байнулмилалӣ бо дараҷаи 999,9-и вазнаш 12,5 кило ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное