Прокурори Суғд оид ба тоҷикони ҳалокшуда дар ҷанги Сурия маълумот дод



Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2014 прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода изҳор намуд, ки 35 нафар сокинони минтақаи шимоли кишвар ба иштироки ғайриқонунӣ дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар гумонбар дониста шуда, 18 тан аз онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони тасдиқи моддаи нави 401, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бидуни шаҳрвандии доимо дар қаламрави ҶТ иқоматдошта ба иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ва ҳамчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар) нисбати 35 нафар сокинони вилоят127 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки онҳо аслан ба иштирок дар дар даргириҳои низомӣ дар Сурия гумонбар дониста мешаванд.

«Дар бораи сокинони ҳалокшудаи вилоят дар ин даргириҳо низ маълумот мавҷуд аст, вале алҳол шумори дақиқи онҳоро гуфта наметавонам, зеро тафтишот ҷараён дошта, саҳеҳии ин маълумот санҷида мешавад», – иброз дошт прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, 9 нафар аз ин афрод, ки ба мақомоти прокуратура омада, ба гуноҳи худ иқрор шуданду дар амалҳои онҳо аломатҳои ҷиноят ошкор нагардид, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное